МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО М. БУЕНДИА
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ватикан дар Тоҷикистон Мигел Маури Буендиа эътимоднома қабул намуд. Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво, ки миёни онҳо баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Мигел Маури Буендиа оид ба ҳамкории Тоҷикистону Ватикан гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Сӯҳбат асосан атрофи мавзӯъи гуфтугӯи миёни дину тамаддунҳои гуногуни ҷаҳон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон сурат гирифт. Ғояҳои сулҳ, накукорӣ ва адолат, ки аз ҷониби намояндагони тамоми дину фарҳангҳо мавриди арҷгузорӣ қарор мегиранд, аз омилҳои асосии дӯстию ҳамкории миёни халқҳои гуногун ва эҳтирому таҳаммулпазирӣ маънидод гардид. Таъкид карда шуд, ки эътиқоди динӣ ва ҳамкории намояндагони дину мазҳабҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама бояд ба мубориза бо чунин хатару мушкилоти аҳли башар чун терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин ба дастгирии бенавоёну муҳтоҷон равона гардад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон намояндагони тамоми динҳои ҷаҳонӣ озодона кору зиндагӣ карда, маросимҳои динию эътиқодии худро бемониа анҷом медиҳанд, аз ҷумла ибодаткунандагони 3 муассисаи мавҷудаи Калисои римӣ-католикӣ. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






