МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Н. БОРДЮЖА
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кули Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва болобарии минбаъдаи нуфузу эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.Таваҷҷӯҳи махсус ба ҳалли масоили ҳуқуқии ташкилдиҳӣ, ҳайат, фаъолият ва мавриду рохҳои истифодаи Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал зоҳир карда шуд. Масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва омода кардани кадрҳои низомӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд. Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақа сурат гирифт. Хотиррасон бояд кард, ки ҳамаи ин ва дигар масоил дар мулоқоти ояндаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






