МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ПОРТУГАЛИЯ

Апрель 17, 2009 09:29

               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Португалия Луиш Амадуро ба ҳузур пазируфт.               Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои аврупоиву Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва ҳам густариши робитаҳои дуҷониба баррасӣ шуд.                Аз сатҳ ва мазмуни робитаҳои бисёрҷониба, ки дар доираи эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ оид ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                Вазири корҳои хориҷии Португалия изҳор дошт, ки «муносибот бо Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои умумии кишварҳои Аврупо оид ба Афғонистон бисёр муҳиманд, зеро ки нақши он дар мусоидат ба нерӯҳои эътилофии посдори сулҳ ва ҳам ба барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари азияткашида фавқулодда муҳим аст».                Луиш Амаду ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёни Тоҷикистон ва саҳми бевоситаи ӯ дар ҳамгироиҳои вобаста ба Афғонистон арзи сипос намуд.                Оид ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Португалия таъкид гардид, ки онҳо дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор доранд, вале имкону захираҳо барои таҳкиму густариши ҳамкориҳо зиёданд.                Вуҷуди захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва сарватҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва техникаю технологияҳои пешқадаму имконоти васеи сармоягузорӣ дар Португалия заминаи хуб барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ маънидод гардид.                Мусоҳибон ҳамфикрӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ҳарду кишвар дар марҳилаи кунунӣ бояд бо имкону захираҳои ҳамдигар хуб ошно шаванд.                Мусоҳибон ҳамчунин оид ба авзои минтақаи Осиёи Марказӣ ва имконоти рушди ҳамкории минтақавӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Апрель 17, 2009 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид