МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО А. ИБН ҲАРУН

Апрель 20, 2009 12:07

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Малайзия дар Тоҷикистон Абдулазиз ибн Ҳарун эътимоднома қабул намуд.                Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ, ки баъди маросими супурдани эътимоднома баргузор гашт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Малайзия баррасӣ шуд.                Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «сатҳи баланди эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ», ки миёни роҳбарияти олии Тоҷикистону Малайзия ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро баҳри густариши ҳамкории гуногунҷанба бо ин кишвар таъкид намуд.                  Таҳкиму тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, технологӣ, илмию фарҳангӣ ва иттилоотӣ зарур шумурда шуд.                 Ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзию туризм, дар самти сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, корхонаҳои муштараки саноатӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва василаҳои барқӣ, ҳамчунин матоъҳои пахтагин ва абрешимин аз роҳҳои густариши робитаҳои барои ҳарду ҷониб судовар маънидод гардид.                 Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчуби Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.                 Абдулазиз ибн Ҳарун дуруду паёми Шоҳ ва Сарвазири Малайзияро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, ӯро аз номи онҳо даъват намуд, ки ба Малайзия сафари давлатӣ анҷом диҳад.                 Дар ин бора АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 20, 2009 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид