МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛАЗИЗ ИБН ҲАРУН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Малайзия дар Тоҷикистон Абдулазиз ибн Ҳарун эътимоднома қабул намуд. Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ, ки баъди маросими супурдани эътимоднома баргузор гашт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Малайзия баррасӣ шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «сатҳи баланди эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ», ки миёни роҳбарияти олии Тоҷикистону Малайзия ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро баҳри густариши ҳамкории гуногунҷанба бо ин кишвар таъкид намуд. Таҳкиму тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, технологӣ, илмию фарҳангӣ ва иттилоотӣ зарур шумурда шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзию туризм, дар самти сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, корхонаҳои муштараки саноатӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва василаҳои барқӣ, ҳамчунин матоъҳои пахтагин ва абрешимин аз роҳҳои густариши робитаҳои барои ҳарду ҷониб судовар маънидод гардид.Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчуби Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Абдулазиз ибн Ҳарун дуруду паёми Шоҳ ва Сарвазири Малайзияро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, ӯро аз номи онҳо даъват намуд, ки ба Малайзия сафари давлатӣ анҷом диҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






