МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ДАР АЛМААТО

Апрель 7, 2009 09:47

                Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар шаҳри Алмаато даври аввали гуфтушуниди коршиносони ситодҳои Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Дар ҷараёни он коршиносони низомии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои омода сохтану гузаронидани машқҳои ҳарбии зиддитеррористии «Ваколати сулҳ — 2010» — ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Аз дафтари матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин мулоқот ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Зариф Бобокалонов иштирок мекунад.               Созишномаи гузаронидани машқи мазкур дар қаламрави Қазоқистон моҳи июни соли 2007 қабул шуда буд. Онро баъдан вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ моҳи майи соли 2008 тасдиқ карда буданд.  

Апрель 7, 2009 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид