МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ИА ВА ВКХ МАМЛАКАТҲОИ ОМ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Апрель 8, 2009 15:11

                  Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз бо намояндагони ҳайати Парлумони Аврупо таҳти роҳбарии раиси кумитаҳои ҳамкории байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо — Қирғизистон, Иттиҳоди Аврупо — Ӯзбекистон, Иттиҳоди Аврупо — Қазоқистон ва густариши муносибатҳо бо Тоҷикистону Туркманистон ва Муғулистон Она Юкнявичен мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, амалӣ сохтани барномаи нави стратегии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон, бартараф намудани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва ғайра муҳокима шуданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳ.Зарифӣ инчунин, бо намояндагони се давлати калонтарини Иттиҳоди Аврупо дар масъалаҳои сиёсати умумии берунӣ ва амният мулоқот анҷом дод.                  Мусоҳибон масъалаҳои омодагиро ба мулоқоти навбатии намояндагони се мамлакати калонтарини Иттиҳоди Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд, ки рӯзҳои 29 ва 30 маи соли равон дар Душанбе баргузор мегардад.

Апрель 8, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид