МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ КИТОБХОНАҲОИ МИЛЛИИ МАМЛАКАТҲОИ АСҲИ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Директори Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Шариф Тошев дар конфронси дуюми мудирони китобхонаҳои мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок хоҳад кард, ки рӯзҳои 20 — 21 апрел дар Боку баргузор мегардад. Дар конфронси мазкур, инчунин, роҳбарони китобхонаҳои миллии Туркия, Эрон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд. Дар конфронси мазкур масъалаҳои равнақу ривоҷи ҳамкории байналхалқии мамлакатҳои номбурда дар соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла, мубодилаи китоб, нашри муштараки китобҳо, гузаронидани машваратҳо ва конфронсҳо бо мақсади иваз кардани таҷриба ва такмили маҳорати кормандони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Конфронси нахустини роҳбарони китобхонаҳои миллии мамлакатҳои аъзои созмон соли 2007 дар Теҳрон баргузор гардида буд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






