МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ИДМ ДАР АШҚОБОД
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар пойтахти Туркманистон — Ашқобод маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои ИДМ кушода мешавад. Ба ҳайати Тоҷикистон дар ин маҷлис вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ роҳбарӣ мекунад. Дар маросими кушодашавии маҷлиси мазкур Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сухан хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис қариб 20 масъалаи марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, муҳоҷират, гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва таъмини амният муҳокима карда мешаванд. Дар фарҷоми маҷлис силсилаи ҳуҷҷатҳо имзо карда хоҳанд шуд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафар дар Ашқобод бо Президенти Туркманистон Қ.Бердимуҳаммадов ва иштирокчиёни дигари маҷлис мулоқотҳо анҷом медиҳад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






