МУНШИИ УМУМИИ СММ БА МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАШРИФ МЕОРАД
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Тимур Бандишоев). — Муншии умумии СММ Пан Ги Мун дар ҷараёни иштирокаш дар Конфронси махсуси Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба Афғонистон, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, бо намояндагони ҳайатҳои гуногун мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ низ ширкат варзид. Пан Ги Мун зикр намуд, ки ният дорад, нимаи дуюми соли равон барои боздиди расмӣ ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ сафар кунад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба иштирокчиёни мулоқот дар бораи натиҷаҳои сафараш ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз нақл кард. Тавре хабар дода шуда буд, дар ин ҷо мулоқоти вазирони корҳои хориҷии се мамлакати ҳамсоя — Тоҷикистону Афғонистион ва Эрон баргузор гардид. Ҳ.Зарифӣ дар бораи дигаргуниҳои мусбати ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Афғонистон сухан ронд. Вай қайд намуд, ки Тоҷикистон ният дорад, ҳамроҳи мамлакатҳои дигар дар рушди иқтисодиёти Афғонистон саҳм гузорад. Бо ин мақсад роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли барқ сохта мешаванд. Ҳ.Зарифӣ изҳори умед намуд, ки СММ чунин барномаҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард. Тарҷумон — Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






