МУЗДИ МЕҲНАТИ ПУЛИСОНИ ЭКОЛОГӢ ПАРДОХТА МЕШАВАД

Апрель 9, 2009 10:35

                 Душанбе, 9 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» тағйир ва илова ворид намуд.                 Назар ба иттилои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хурсандқул Зикиров ҳадаф аз ворид намудани тағйиру илова ба қонуни мазкур таъмини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дар ин замина пардохти музди меҳнати пулисони экологии Кумитаи мазкур мебошад.                Намояндаи фраксияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Шодӣ Шабдолов, қонуни мазкурро барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишвар муфид арзёбӣ намуда, пешниҳод кард, ки масъалаи таъмини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо маблағҳои буҷетӣ дар буҷети соли оянда ворид карда шавад.

Апрель 9, 2009 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид