НАҚШАИ АНДОЗ ДАР СЕМОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2009 ПУРРА ИҶРО НАШУД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар семоҳаи аввали соли 2009 иҷрои нақшаи андоз 98,1% таъмин гардида, ба ҷойи 486,2 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷети давлат 477,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 9,1 миллион сомонӣ кам аст, — гӯфт дар нишасти матбуотӣ 23 апрел раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов. Ӯ афзуд, ки гарчанде иҷроиши нақшаи даромади буҷет иҷро нагардида бошад ҳам, воридоти маблағҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 91 миллион сомонӣ ё худ 23,6 % зиёд аст. Дар семоҳаи соли ҷорӣ андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба 100,2 % таъмин карда шуд, ки дар натиҷа ба буҷет 164,3 ҳазор сомонӣ бештар ворид гардид. Аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ бошад 82,3% таъмин гадида, ба буҷети Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нафақа 7,9 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид гардид-, гуфт дар хотима Н.Давлатов.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






