НАХУСТИН ИМТИҲОНИ ҲАРБӢ
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Ёд кардани савганди ҳарбӣ яке аз маросимҳои асосии хизмати ҳарбӣ ба шумор рафта , масъулияту ӯҳдадории наваскаронро баҳри мудофиаи ватан, ҳимояи манфиатҳои халқу муҳофизати ҳар порча хоки он дучанд мегардонад. Чанде қабл дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии қабули савганди ҳарбии зиёда аз 300 нафар навдаъватшудагон баргузор гардид. Сарбозоне, ки тайи як моҳ дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ бо машқу машғулиятҳои ҳарбӣ фаро гирифта шуда буданд, аз нахустин имтиҳони ҳарбӣ гузаштанд. Тавре аз дафтари матбуоти Гвардияи миллии кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аксарияти сарбозоне, ки дар басти аввал барои адои хизмат ба Гвардияи миллӣ омадаанд, ихтиёрианд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






