НАМОИШНОМАҲОИ ТЕАТРӢ ОИД БА ТАНЗИМИ РАСМУ АНЪАНА

Апрель 23, 2009 15:33

                  Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Имрӯз, 23 апрел вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ бо сардори Раёсати танзими анъана ва расму оини назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, роҳбарони театрҳои пойтахти кишвар, муассисаҳои эҷодию консертӣ ва сардорони раёсатҳои вазорат мулоқот доир намуд.                  Зимни сӯҳбат вазир роҳбарони театрҳоро вазифадор намуд, ки оид ба танзими расму анъана намоишномаҳои театрӣ, аз ҷумла намоишномаҳои мазҳакавӣ ва танқидиро таҳия намуда, ба воситаи радиову телевизион пешкаши бинандагон гардонанд.                  Ҳамчунин, Раёсати санъати Вазорати фарҳанг вазифадор гардид, ки дар муддати 15 рӯз барномаи озмун барои таҳияи сенарияи намоишномаҳо бахшида ба танзими расму оин омода карда шавад.                 Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки беҳтарин сенарияро дар шакли маҷмӯа ба табъ расонида, пешкаши хонандагон гардонад. Дар вохӯрӣ инчунин, роҳбарони театрҳои пойтахт баромад карда, оид ба ин масъала фикру мулоҳизахои худро баён намуданд.                 Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.   

Апрель 23, 2009 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд