НАМОИШНОМАИ МУШТАРАКИ ТЕАТРҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ

Апрель 22, 2009 08:18

                    Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз, 21 апрел Вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳунармандони Театри лўхтаки вилояти Кемеровои Федерацияи Русияро бо роҳбарии саркоргардони театр Дмитрий Вихрецкий ба ҳузур пазируфт.                     Зимни сўҳбат масъалаҳои ҳамкорӣ байни театрҳои лўхтаки Тоҷикистону Федерацияи Русия муҳокима гардиданд. Намояндагони театри мазкур зикр намуданд, ки ин сафари аввалини онҳо ба Тоҷикистон мебошад. Онҳо умед карданд, ки дар оянда бо намоишномахои нав ба нав ба Тоҷикистон сафарҳои ҳунарӣ намуда, хотири бинандагони хурдсоли тоҷикро шод мегардонанд.                     Ёдовар мешавем, ки Театри давлатии шаҳри Кемеровои Федератсияи Русия бо намоишномаи муштараки театрҳои Тоҷикистону Русия «Медвежонок Рим-тим-те» 20 апрел ба шаҳри Душанбе ташриф овард.                     Муаллифи намоишномаи «Медвежонок Рим-тим-те» ё («Хирсак Рим-тим-те») Ян Вилковский буда, дар таҳияи режиссёр Дмитрий Вихрецкий рўи саҳна омадааст.                     Сафари ҳунармандони рус то 1-уми май идома меёбад.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуотии Вазорати фарҳангиҶТ хабар доданд.   

Апрель 22, 2009 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд