НАМОЯНДАГОНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

Апрель 6, 2009 14:19

             Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз намояндагони се давлати калонтарини аъзои Иттиҳоди Аврупо барои муҳокимаи масъалаҳои марбут ба сиёсати умумии берунӣ ба Душанбе омаданд. Сафари онҳо дар Тоҷикистон се рӯз давом мекунад.             Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дипломатҳои аврупоӣ бо мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаҳои сиёсати берунӣ Э.Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ М.Давлатов, вазири корҳои хориҷӣ Ҳ.Зарифӣ ва муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қ.Ғаффоров мулоқот хоҳанд кард.  Намояндаи махсуси ваколатдори Иттиҳоди Аврупо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел низ ҳамроҳи онҳо ба Душанбе омад.

Апрель 6, 2009 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид