НАСБИ ЛАВҲАҲОИ МАХСУС ДАР ИСТГОҲҲОИ ПОЙТАХТ
Душанбе, 4 апрел.(НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).-Минбаъд дар истгоҳҳои мусофиркашонии пойтахт лавҳаҳои махсус, ки фосилаи ҳаракати нақлиёти мусофирбариро дар шаҳр ба танзим медароранд, насб карда мешаванд. Назар ба иттилои муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдуҳомид Шералиев, ҳадаф аз андешидани ин иқдом ба танзим даровардани ҳаракати хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр ва хизматрасонии саривақтию босифат ба мусофирон аст. Бояд зикр кард, ки фосилаи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт аз ҷумла, автобусҳо аз 3 то 6 дақиқа буда, дар ҳар 12 дақиқа як автобус дар хатсайри вобасташуда ба ҳаракат мебарояд. Дар маҷмӯъ дар шаҳр беш аз 500 адад автобусу троллейбус аз соати 5- 30 дақиқаи субҳ то 23 шаб ба мусофирон хизмат мерасонанд. Алҳол дар пойтахт қариб 500 истгоҳ вуҷуд дорад, ки баъзеи онҳо таъмирталаб, баъзеи дигараш дар ҳолати азнавсозию таҷдид қарор доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






