НАШРИЯИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН ДАСТРАСИ ХОНАНДАГОН МЕГАРДАД
Душанбе. 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз моҳи майи соли равон сар карда, ҳафтаномаи худро таҳти унвони «Сухан» ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дастраси хонандагон мегардонад. Айни ҳол ҳайати таҳририяи ҳафтанома интихоб ва рубрикаю мавзӯъҳои он муайян карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ пеш аз ин бо ҳамин ном нашрияи худро дошт. Ҳафтаномаи «Сухан» аз соли 1990 чоп мешуд. Дар он на танҳо рӯйдодҳо ва проблемаҳои соҳаи журналистика, балки ҳаёти ҷамъиятию сиёсати мамлакат ва саросари дунё инъикос карда мешуданд. Вале соли 1992 бо сабабҳои молиявӣ нашри ҳафтанома қатъ гардид. Акнун роҳбарияти Иттифоқи журналистон қарор дод, ки нашри ҳафтаномаи худро идома диҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






