НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ КВД «ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ»

Апрель 23, 2009 08:27

               Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.              Дар нишасти мазкур дар бораи таҷдиди КВДҲ «Тоҷик Эйр» ва оғози ва фаъолияти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳамчун субъекти мустақили хоҷагидорӣ аз моҳи январи соли ҷорӣ сухан рафт.              Парвозҳо дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз тарафи 17 ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои дуру наздики хориҷӣ иҷро карда мешаванд, аз ҷумла 4 ширкати ҳавопаймоии давлатҳои хориҷи дур, 10 ширкати ҳавопаймоии ИДМ ва 3 ширкатҳои Ҳавопаймоии маҳаллии Тоҷикистон, яъне Тоҷик Эйр, Сомон Эйр, ва Ист Эйр, ки парвозҳои чартериро анҷом медиҳанд.                Тавре директори генералии КВД ««Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов иттилоъ дод, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 104 860 мусофирон хизмат расонида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар марҳилаи қиёсии соли 2008 бошад теъдоди мазкур 139 028 ташкил дод.   Тамоюли пастравӣ, ин пеш аз ҳама, таъсиррасонии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба тамоми намудҳои ҳамлу нақл мебошад. Ин пастравӣ натиҷа камшавии эҳтиёҷот ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои ИДМ ва хориҷи наздик, инчунин суръати пасти рущди иқтисодиёт, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо таназзули тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии давлатҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи ҳавоӣ доранд, мебошад.               Ҳамзамон коркарди бор ва почта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 560 т 823 кг ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2008 ба миқдори 66 т 443 кг зиёдтар аст, гуфт Рустам Холиқов.     

Апрель 23, 2009 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад