НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ ШАМОЛӢ ДАР ШӮРООБОД

Апрель 9, 2009 16:14

                  Шӯрообод, 9 апрел, (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов).- Имрӯзҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад, дар деҳоти кӯҳистон ҷиҳати истифода аз технологияи навтарини барқтаъминкунӣ корҳои зиёде анҷом дода мешавад. Соли равон дар натиҷаи амалӣ гардидани як барнома дар деҳаи Учкӯли ҷамоати Доғистони ноҳияи Шӯрообод нерӯгоҳи барқии шамолӣ сохта шуд.                  Деҳаи Учкӯл навбунёд буда, аз маркази ноҳия дар масофаи 18 КМ ва аз маркази ҷамоат 6 км дур мебошад, деҳа 18 хоҷагӣ ва 165 нуфус дорад. То имрӯз шароити зисти сокинони ин деҳ аз сабаби набудани роҳи мошингузар, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, мактаби замонавӣ хеле вазнин буд.                   Бояд қайд намуд, ки мувофиқи нишондодҳои техникӣ, нерӯгоҳи барқии шамолӣ аз 500 Ватт то 2 килоВатт соат ва аз он ҳам зиёд қувваи барқ истеҳсол мекунад, Механизми кори ин технология чунин аст, ки бодбараки он дар ҷойҳои шамолгард гузошта шуда, бо зербино ё таҷҳизоти дигар мустаҳкам карда мешавад. Дар равиши вазидани бод чархболҳо давр зада муҳаррикро ба кор меандозанд ва энергия аз муҳаррик ба аккумулятор дода мешавад. Аккумулятор қувва гирифта, ба воситаи дигар асбоб 220 волт хосил менамояд. Давомнокии таъмини барқ аз аккумулятори муҳаррики бодӣ дар вақти набудани шамол то 12 соатро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир дар деҳаи Учкул 7 адад муҳаррики бодӣ насб гардида ҳар яке аз мухаррикҳо ба ду, се оила барқ медиҳад. Мақомоти маҳаллӣ азм дорад дар оянда бо дарёфт намудани маблағ ё сарпараст чунин таҷҳизотро дар ҳар як оилаи деҳаи Учкул васл намояд.   

Апрель 9, 2009 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!