НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ФАРХОР

Апрель 23, 2009 09:50

                Фархор, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Фархор нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорони ВАО доир гардид Раиси ноҳия Маҳмадшариф Ғаффоров аз натиҷаҳои ҷамъбасти 3 моҳа ба хабарнигорон ахборот дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки дар самти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои бюҷетӣ пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ таъмин шуда, пеш аз ҳама маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва баландшавии музди меҳнати соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия таъмин карда шуд. Дар ин давра ба бюҷети ноҳия 1626359 сомонӣ ворид гашта иҷроиши бюҷет 100,3 % таъмин гардид, ки нисбати 3 моҳи соли қаблӣ 94664 сомонӣ зиёд мебошад. Ба гуфтаи ин манбаъ воқеиятпулиҳои андозҳо 9390519 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 39213 сомониашро ҷарима ва 395373 сомониаш фоизҳои ҳисобшуда мебошад. Қарздорӣ аз бақияпулиҳо асосан ба хоҷагии «Ҳисор», Идораи давлатии хоҷагии об, муассисаи оби нӯшокии ноҳия рост меояд. Дар нишаст дар мавзӯҳои сохтани гэсҳои хурди обӣ ва бодӣ, пешгирӣ намудани роҳи бӯҳрони иқтисодию молии ҷаҳонӣ дар ноҳия, фаъолияти соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ғайра мавриди саволу ҷавоб қарор гирифт.   

Апрель 23, 2009 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад