НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ИДОРАИ ХОҶАГИИ ОБИ КӮЛОБ
Кӯлоб, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар иттиҳодияи истеҳсолии таъмиру истифодабарии мелиоративии минтақаи Кӯлоб нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст масъалаҳои таъмини хоҷагиҳо ба оби обёрӣ, тоза намудани шабакаҳои обӣ, заҳкашу заҳбурҳо, таъминоти маблағ, супоридани андоз ва дигар масъалаҳо саволу ҷавоб сурат гирифт. Зикр гардид, ки барои тайёр намудани шабакаҳои обӣ ба мавсими обдиҳии соли равон ташкилотҳои зертобеъи иттиҳодия мувофиқи нақшаи пешбинишуда, тоза кардани шабакаҳои обиро ба 92%, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳоро ба 64% расонидааст. Мавриди зикр аст, ки сабаби иҷро нагардидани нақшаи чорабиниҳои тирамоҳию зимистонаи соли 2008-2009 ин аз пардохт накардани ҳаққи хизматрасонӣ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар истифодабарандагони об мебошад. Қарзи хизматрасонӣ дар 3 моҳ ба 11 м. 622 ҳ. 441 сомонӣ расид. Гуфта мешавад, ки аз сабаби пардохт нагардидани қарзи хизмати обрасонӣ қисми зиёди пойгоҳҳои обкаш бе таъмир монда, қарзи музди меҳнат 82 766 сомонӣ, ҳамаи намуди андоз ва 1 млн. 995112 сомонӣ, ФИХА, 228334 сомонӣ, истифодаи барқ 5 м. 517 920 сомонӣ расидааст. Идораи хоҷагии оби минтақаи Кӯлоб тасмим дорад хизматрасониро дар сатҳи баланд ба роҳ монад.-иброз дошт ҷонишини сардори Иттиҳодияи истеҳсоли таъмиру истифодабарии мелиоративии минтақаи Кӯлоб Амрохон Одинаев.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






