НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗИРИ ДАВЛАТИИ ТУРКИЯ

Апрель 23, 2009 10:06

                   Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Вазири давлатии Туркия Мустафо Саид Язиҷи Уғлӣ дирӯз баъди анҷоми мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр кард, ки ба Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани маҷлиси ҳафтуми комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Туркия ташриф овардааст.                   Вай гуфт, ки дар фарҷоми маҷлиси мазкур як протоколи муҳим имзо карда шуд. Ба туфайли он бисёр масъалаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар бештар густариш меёбанд. М.С.Язиҷӣ — Уғлӣ афзуд, ки сӯҳбати ӯ бо Сарвари давлати Тоҷикистон мароқовар ва муфид буд. Қайд карда шуд, ки Президенти Туркия Абдулло Гул ояндаи наздик ба Тоҷикистон ташриф меорад. Боварӣ дорам, ки сафари Президенти Туркия ҳамроҳи ҳайати калони соҳибкорону тоҷирон ба густариши бештари муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.                    Вазири давлатии Туркия изҳор намуд, ки рӯзҳои мусофираташ дар Душанбе бо вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат, инчунин сарвазир мулоқот кардааст. Меҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои гидроэнергетика, аз ҷумла, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, истифодаи қувваи офтоб ва шамол самарабахш ҳамкорӣ карда метавонанд.                   Ҳаҷми ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Туркия имрӯз ба талабот ҷавоб дода наметавонад. Маҷлиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Туркия дар айёме баргузор гардид, ки мамлакатҳои ҷаҳонро бӯҳрони шадиди молиявӣ фаро гирифтааст. Мо имрӯз ҳуҷҷатҳоеро имзо кардем, ки имконияти воқеии амалӣ сохтани онҳо вуҷуд дорад. Вай зикр намуд, ки дар Туркия соҳаи туризм хеле густариш ёфтааст ва мамлакат аз ин соҳа ҳар сол даромади калон ба даст меорад. Соли 2008 -ум 26 миллион сайёҳи хориҷӣ ба Туркия омад ва даромади ин соҳа 22 миллиард доллари ИМА — ро ташкил дод.Тоҷикистон ҳам сарзамини хушманзара ва қӯҳсор мебошад. Дар ин ҷо соҳаи туризм ва хусусан сафару сайёҳат ба минтақаҳои кӯҳистонро ривоҷ додан лозим аст, гуфт вазири давлатии Туркия.

Апрель 23, 2009 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид