НИШОНДИҲАНДАҲОИ ОМОРӢ АЗ ЧӢ ГУВОҲИ МЕДИҲАНД?

Апрель 23, 2009 15:14

                  Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мақомоти омори давлатӣ дар чорчӯбаи амалӣ намудани барномаи оморӣ 2517 кор иҷро кардааст, ки ин 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, — гуфт дар нишасти матбуотӣ 23 апрел, раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерган Шабозов.                   Ӯ афзуд, ки аз ҷумла дар ин давра сохти ҳисоби миллӣ умуман дар бораи иқтисодиёт, ҳисобу китоби маҳсулоти умумии дохилӣ барои як сол ва ҳар моҳa бо нархҳои ҷорӣ ва муқоисавӣ, ҳисобу китоби маҳсулоти умумии минтақавӣ, ташаккул додани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ дар асоси мушоҳидаҳои буҷети хонаводаҳо, мушоҳидаи caтҳ ва тағйироти нарх дар ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт, ки ҷараёни беқурбшавиро тавсиф мекунанд, ташаккул додани нишондиҳандаҳои рушди сектори давлатии иқтисодиёт ва амсоли инҳо амалӣ карда шуд.                  Мавриди зикр аст, ки нишондиҳандаҳои ҷамъбасткунандаи фаъолияти иқтисодии мамлакат, ҷамъи маҳсулоти дохилии истеҳсолкарда шуда дар моҳҳои январ-марти соли равон 3 миллиарду 313 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз зиёд аст. Суръат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат таъмин карда шуд, ғайр аз соҳаи саноат, ки 91,8 фоиз иҷро гардид, ки ин бевосита таъсири бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.                 Ёдовар мешавем, ки дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ вазири ин вазорат Гул Шералӣ оид ба фаъолияти вазорат дар семоҳаи якум ҳисобот дода, қайд карда буд, ки бори аввал дар 10 соли охир паст рафтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба назар расид. Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 1 миллиарду 218,3 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91,8 фоизро ташкил дода, ба маблағи 109,2 миллион сомонӣ кам гардидааст.  «Бояд гуфт, ки сабабҳои аслии паст рафтани истеҳсолот таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, норасоии нерӯи барқ, газ ва ашёи хом дар корхонаҳои саноатӣ мебошад», — идома дод Гул Шералӣ.  

Апрель 23, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид