НОВОБАСТА АЗ ВАЗЪИ МОЛИЯВӢ, ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд, -иброз дошт сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе Тоҳир Каримов. Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъкид намуд, ки ӯҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пардохти музди меҳнат, баланд бардоштани маош дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, пардохти нафақа, стипендия, ҷубронпулиҳо новобаста аз вазъи баамаломада пурра таъмин карда мешаванд. Дар давоми соли 2008 бештар 104 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил ёфт. Дар давоми 5 соли охир шумораи ҷойҳои нави корӣ ба 510 ҳазор расонида шуд, ки он баёнгари ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






