НУФУЗИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИШВАРҲОИ АРАБӢ БОЛО МЕРАВАД
Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Имоми Аъзам ва ҳуввияти миллии мардуми тоҷик» ба забони арабӣ тарҷума ва дар нашрияҳои кишварҳои араб чоп шуда, боиси хушҳолию сарфарозии мусулмонони ин давлатҳо аз таҷлили 1310-солагии ин нобиғаи илми фиқҳ дар Тоҷикистон гаштааст. Аз ҷумла дар муқоваи маҷаллаи бонуфузи олами Ислом, ки таҳти унвони «ал-Азҳар» дар Ҷумҳурии Мисри Араб нашр мегардад, чунин омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон мақолаҳо менависад». Дар 11 саҳифаи ин маҷалла мақолаи илмии Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиндагии ибратбахши Имоми Аъзам, нақши эҷодиёти гаронбаҳои ӯ дар ташаккули ҳуввияти миллии тоҷикон ва ҳамчунин дар рушду нумӯи беназири илми фиқҳи исломӣ чоп шудааст. Дар воқеъ тадбирҳои арзишманди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғибу ташвиқи фарҳанги миллию динии тоҷикон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Соли Имоми Аъзам гузарондани чорабиниҳои зиёди илмию фарҳангӣ натанҳо ба таҳкими ваҳдату ягонагии мардуми кишвар, балки ба муаррифии фарҳанги пурғановати миллати бостонии тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунанд. Дар маҷаллаи дигаре, ки таҳти унвони «Анбаъу Мускув» (Навидҳои Маскав) бо забони арабӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб нашр мегардад, андешаҳои Эмомалӣ Раҳмон аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих чоп шудаанд. Ин равандро коршиносон нишона аз болоравии обурӯю нуфузи Тоҷикистон ва Сарвари он Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои арабию мусулмонӣ маънидод мекунанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






