НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ: «СҲШ ОЯНДАИ КАЛОН ДОРАД»
Остона, 17 апрел. (АМИТ «Ховар» — ИнфоШос). — Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар арафаи сафараш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни сӯҳбат бо мухбири Агентии иттилоотии «Синхуа» изҳор намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай созмони мӯътабари минтақавӣ буда, ояндаи калон дорад. Қазоқистон онро ба таври ҷиддӣ дастгирӣ менамояд. СҲШ фаъолияти худро ба манфиати давлату мамлакатҳои мо ба роҳ андохтааст. Вазифаи аввалиндараҷаи он густариши ҳамкории иқтисодии мамлакатҳо, вазифаи дуюми созмон мубориза ба муқобили зуҳуроти бади замони ҳозира мебошад, гуфт Н.Назарбоев. Мамлакатҳои аъзои созмон ба ҳамдигар боварӣ дошта, муносибатҳои дӯстонаи онҳо торафт қавитар мегарданд. Ин сабаби вусъат ёфтани ҳамкории тиҷоратию иқтисодии онҳо мегардад. Н.Назарбоев афзуд, ки роҳбарони Қазоқистон ва Чин мунтазам мулоқот мекунанд ва ҳар ду кишвар ба ҳамдигар торафт наздиктар мегарданд. Президенти Қазоқистон ба тадбирҳои Ҳукумати Чин дар бобати бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ баҳои баланд дода, зикр намуд, ки таҷрибаи ин мамлакат дар Қазоқистон ҳам истифода бурда мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






