ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН
Кӯлоб, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои артиши Тоҷикистон оғоз гардид. Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ имсол барои муташаккилона гузарондани маъракаи даъвати ҷавонон тадбирҳои судбахш меандешанд. Аз ҷумла, даъватшавандагон дар вазъияти ботантана ба маҳалли хизмат гусел карда мешаванд. Бояд гуфт, ки имсол ташрифи муовини сарвазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова ва иштироки ӯ дар маросими ба истифода додани як мактаб ба рӯзи гусели наваскарон рост омад. Р. Қурбонова ба ҳайси раиси комиссияи ҷумҳуриявии даъват ба хизмати ҳарбӣ дар маъракаи имрӯза ширкат дошт. Р. Қурбонова, раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ва нотиқони дигар наваскаронро даъват карданд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан содиқона хизмат кунанд. Ба хотири баргузории аввалин гусел барномаи калони ҳунарӣ намоиш дода шуда, намоиши анвои маҳсулоти хӯрока ташкил гардид. Аз номи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба панҷоҳ нафар ҷавонон, ки либоси низомӣ ба бар хоҳанд кард либосҳои варзишӣ тӯҳфа карда шуд. Соли гузашта дар ташкили маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой дошт. Бинобар ин ҳамаи кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла комиссари ҳарбии он полковник Зоиров аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Имсол тибқи нақша, 250 нафар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ба ҷузъу томҳои артиши Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд. Мо имсол ба маъракаи даъвати ҷавонон хеле хуб тайёрӣ дидем. Бинобар ин умед бастан мумкин аст, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сари вақт иҷро карда мешавад, гуфт комисари ҳарбии шаҳри Кӯлоб полковник Розиев.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






