ОҚИБАТҲОИ СЕЛ БАРТАРАФ КАРДА МЕШВАД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пайи шаби 21 апрели соли ҷорӣ дар, кӯчаҳои Содиқов, Куйбишев, Чармгарони поени шаҳри Кӯлоб ба 15 хонаи истиқоматӣ сел даромадааст. Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҶТ иттилоъ доданд, дар ноҳияи Муъминобод низ ба 12 хонаи истиқоматии деҳаи Туто, Боғи Ҳабиби чамоати деҳоти Балхоб сел даромадааст. Дар деҳаи мазкур тақрибан 40-45 метр дамбаи дарёи Сойи Тебалайро сел шуста бурдааст. Инчунин дар ноҳияи Хуросон ба 13 хоҷагӣ ва заминҳои наздиҳавлигии деҳаҳои ҷамоати деҳоти Айнӣ аз қубури канали обгузари «Правая Ветка» сел даромадааст. Аз ҷониби мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор барои бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






