О. ОҚИЛОВ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКАРО БАРРАСӢ НАМУД

Апрель 17, 2009 14:24

                   Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 17 апрел бо иштироки Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва энергетикии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.                   Дар маҷлис, нахуст вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ оид ба фаъолияти вазорат дар семоҳаи якум ҳисобот дода, қайд кард, ки бори аввал дар 10 соли охир паст рафтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба назар расид. Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 1 миллиарду 218,3 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91,8 фоизро ташкил дода, ба маблағи 109,2 миллион сомонӣ кам гардидааст. «Бояд гуфт, ки сабабҳои аслии паст рафтани истеҳсолот таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, норасоии нерӯи барқ, газ ва ашёи хом дар корхонаҳои саноатӣ мебошад», — идома дод вазир.                   Инчунин, дар назди Сарвазири мамлакат роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва энергетикии кишвар ҳисобот дода, роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи бурду бохти соҳа ақидаҳояшонро баён намуданд.                   Дар фарҷоми ҷаласа Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбаст ва таҳлили ҳисоботи вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатию энергетикии кишвар маърӯза карда, зикр намуд, ки дар давоми се моҳи аввали соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3 миллиарду 312,5 миллион сомонӣ афзуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз зиёд мебошад.                   О. Оқилов зикр кард, ки иқтисоди ҷумҳурӣ ба омилҳои беруна бевосита алоқаманд буда, аз ин сабаб таъсири бӯҳрони молиявӣ ба кишвари мо хеле ҳам таъсирбахш аст. Аз ҷумла, паст шудани суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва кам шудани талабот ба содироти молҳои Тоҷикистон, бахусус пахта ва алюминий боиси аз 30 то 50 фоиз поён рафтани нархи онҳо ва кам шудани воридоти асъори хориҷӣ ба кишвар гардид.                   Сарвазири мамлакат ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноат, корхонаҳои саноатӣ ва энергетикии кишвар дастуру супоришҳои махсус дода, зикр намуд, ки роҳбарияти тамоми вазорату идораҳои ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, бахусус нуқтаҳои муҳиме, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардид, масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, дар самти кам кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ-иқтисодӣ ба иқтисоди кишвар чораҳои қатъӣ андешанд.

Апрель 17, 2009 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад