О. ОҚИЛОВ: «ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКИЯ БА САТҲИ СОЛИ 2008 НАМЕРАСАД»
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо вазири давлатии Туркия Мустафо Саид Язиҷиоғлу, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи ҳафтуми Комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот кард. «Мо қаноатманд аз онем, ки дар соли 2008 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Туркия зиёда аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, вале боиси тааассуф аст, ки бо сабаби таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар соли 2009-ум мо ба ин нишондиҳанда нахоҳем расид», — тазаккур дод Оқил Оқилов. Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ва Туркия бо талошҳои роҳбарияти олимақоми ин ду давлат заминаҳои хуби ҳамкориҳо фароҳам оварда шудааст, вале барои рушди онҳо аз тамоми захираву имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда намешавад. «Мо омодаем,ки дар оянда бо Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, бахусус тиҷорат, тандурустӣ, бунёди корхонаҳои муштараки коркарди пўст, коргоҳҳои истеҳсоли фурузонакҳои каммасраф, шиша, сохтмон ва рушди туризм ҳамакориҳои дуҷонибаро таҳкиму тавсеа бахшем», — гуфт Сарвазири Тоҷикистон. Мустафо Саид Язиҷиоғлу изҳор дошт, ки Туркия барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Тоҷикистон манфиатдор аст. «Мо омодаем, ки бо дарназардошти пешниҳоду тавсияҳои ҷониби Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои аҳамияти аввалиндараҷадошта муносибатҳои неку судманд дошта бошем. Ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шароите баргузор мегардад, ки таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти мамлакатҳои ҷаҳон бештар ба назар мерасад, вале ҳамкориҳои мо ҳамчун кишварҳои дўст ва шарикони ҳақиқӣ маҳз дар чунин мушкилот бояд густариш ёбанд», — мӯътақид аст Мустафо Саид Язиҷиоғлу. Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон масоили таҳкиму густариши равобити ду давлат дар соҳаи энергетика, бахусус сохтмони нерўгоҳҳои барқи бодӣ ва офтобӣ мавриди табодули назари тарафайн қарор гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






