ОБИ ҶАВ (ПИВО)-И «БАЛТИКА» ТО НУҚТАИ САВДО НАРАСИД

Апрель 22, 2009 09:51

                  Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони Раёсати гумруки вилояти Суғд ҳангоми азназаргузаронии бори автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-5320», ки ронанда-истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуҳофиз Тоҷибоев мехост маводи истеъмолии воридоташ ба ҷумхурӣ мамнӯи оби ҷав (пиво)-и навъи «Балтика» -ро бо миқдори 8 ҳазору 240 қуттӣ ворид намояд, дастгир намуданд.                  Тафтишот нишон дод, ки ин маводи нӯшокии спиртӣ ба истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд М.Мирсоҳибов тааллуқ дошта, мехост бо роҳи қочоқ беш аз 13 ҳазор сомонӣ ба даст орад, аммо тираш ба нишон нарасид. Кормандони раёсати мазкур нисбати қочоқчиён парвада оид ба қонунвайронкунии маъмурӣ кушода, соҳиби бор М.Мирсоҳибовро ба андозаи 6 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бастанд. Аз қочоқчӣ М.Мирсоҳибов ҳамчунин арзиши гумрукӣ ба андозаи 5 ҳазору 800 сомонӣ рӯёнида шуд.  Ронанда Абдуҳафиз Ҳоҷибоев низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашудааст. Дигар паҳлӯҳои қазия низ тафтиш карда мешавад.  

Апрель 22, 2009 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа