ОБИ РӮДХОНАИ ПАНҶ БОЯД ТОЗА БОШАД

Апрель 17, 2009 11:40

                  Бадахшон, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ бо ҷалби толибилмону омӯзгорон дар тоза намудани соҳили дарёи Ғунд саҳмгузорӣ намуд. Тавре сардори ин идора Сафина Шабдолова иттилоъ дод, Бадахшон дорои захираи калони обӣ аст. Бузургтарин пиряхҳои дунё дар ҳамин ҷо мустақаранд. Қариб кулли рӯдхонаи Осиёи Марказӣ аз ҳамин ҷо сарчашма мегиранд. Оби рӯдхонаи Панҷро, ки Ғунд як шохаи он аст, дар вилояти Хатлон на танҳо барои обёрии киштзорону пахтазорону боғот балки ба ҳайси оби нӯшокӣ низ истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, ин об бояд ҳамеша мусаффо бошад.  Ин ҳаст, ки ҳар моҳ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ дар масофаи 12 км партовҳои соҳили рӯдхона тоза карда мешавад. Соли сеюм аст, ки ин кор идома дорад. Аз кумитаи вилоятии ҳифзи муҳити зист хабар доданд, ки ин ташаббус дар кулли навоҳии вилоят ҷорӣ гардид.

Апрель 17, 2009 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд