ОЛИМОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР КОНФРОНСИ ИЛМИИ «ЛОМОНОСОВ – 2009» ИШТИРОК МЕКУНАНД
Маскав, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дирӯз дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов конфронси байналхалқии 16 — уми илмии донишҷӯён, аспирантҳо ва олимони ҷавон кушода шуд. Конфронс бо кӯмаки Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он аз тамоми минтақаҳои Русия, мамлакатҳои ИДМ ва 20 мамлакати хориҷӣ зиёда аз 12 ҳазор нафар олими ҷавон иштирок дорад. Барномаи он гузаронидани олимпиадаҳои талабагон, конфронсҳои илмӣ, озмуни асарҳои илмӣ ва барномаҳои навоваронаи олимони ҷавонро дар бар мегирад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар конфронси мазкур аз Тоҷикистон 15 нафар донишҷӯ ва аспирант иштирок менамояд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






