«ОРИЁНБОНК» ШУМОРАИ БАНКОМАТҲОЯШРО ЗИЁД МЕКУНАД
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади таъмини имконоти беҳтар барои хизматрасонии мизоҷони дорои кортҳои пластикии бонкӣ ҶСК «Ориёнбонк» шабакаи банкоматҳои худро дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мукаммал мегардонад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ банкоматҳои нави шабонарӯзие, ки дар КМ «СИНОН», ТВ «Сафина» ва дар филиали бонк дар ноҳияи Сино муқаррар карда шуданд, ба кор шурӯъ намуданд. Инчунин, барои боз ҳам бароҳат амалӣ гардонидани пардохтҳо дар ҳудуди фурудгоҳи байналхалқии шаҳри Душанбе, дар дохили бинои штаби КВД «Тоҷикэйр» низ банкомати нав устувор гардонида шуд, ки он ба кормандон ва мизоҷони бонк барои бе мамониат дастрас намудани пули нақд имкон медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






