ОЗМУНИ ИШТИРОКЧИЁНИ «ПАНҶ СИТОРАИ ИНТЕРВИЗИОН»
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Озмуни дохилиҷумҳуриявии овозхонони ҷавон дар пойтахти мамлакат рӯзҳои 19 ва 20 июн баргузор мегардад. Ғолиби он дар озмуни байналхалқии овозхонони «Панҷ ситораи интервизион» иштирок менамояд, ки аз 27 то 30 август гузаронида мешавад. Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун ба унвони комиссияи махсуси Вазорати фарҳанг ариза медиҳанд. Комиссия аз байни онҳо 10 нафарро интихоб менамояд. Ғолиби озмун бо роҳи овоздиҳӣ ба воситаи телефонҳои мобилӣ муқаррар карда мешавад. Дар вазорати фарҳанг ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки ғолиби озмунро комиссияи вазорат бо назардошти натиҷаҳои овоздиҳӣ ба воситаи телефонҳои мобилӣ муқаррар хоҳад кард. Синни иштирокчиёни озмун набояд аз 30 сол зиёд бошад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






