ПАХШИ БАРНОМАҲОИ «РТР – ПЛАНЕТА» ДАР ТОҶИКИСТОН ДАВОМ ДОДА МЕШАВАД

Апрель 17, 2009 11:22

               Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдуманнонов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳори умед кард, ки пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «РТР — Планета» дар Тоҷикистон ояндаи наздик аз нав шурӯъ хоҳад шуд. Вай зикр кард, ки ҷониби Тоҷикистон ба гуфтушунид бо намояндагони ширкати телевизионии Русия ҳамеша тайёр аст.                Дар акси ҳол ширкатҳои дигари телевизионие ҳастанд, ки барномаҳояшонро ба воситаи басомадҳои мавҷуда дар қаламрави ҷумҳурӣ пахш кардан мехоҳанд, гуфт вай.                 Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки пахши барномаҳои шабакаи телевизионии Русия дар каламрави Тоҷикистон 2 март боздошта шуда буд. 2 апрел шартномаи ҳамкории Тоҷикистону Русия дар масъалаи пахши барномаҳои шабакаи «РТР — Планета» ба таври якҷониба бекор карда шуд.

Апрель 17, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад