ПАЙВАНДҲОИ ФАРҲАНГИИ КИШВАРҲОИ ФОРСИЗАБОНРО «ИРФОН» ЧОП КАРД
Душанбе, 11 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Нашриёти «Ирфон» маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олии се кишвари ҳамзабон — Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро таҳти унвони «Фарҳанг ва омӯзиш дар ҳавзаи тамаддуни иронӣ» аз чоп баровард. Китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфоти форсӣ бо теъдоди 500 нусха аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Бунёди эроншиносии тоҷик нашр шудааст. Мураттиб ва муҳаррири масъули он доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафар Сулаймонӣ аст. Дар маҷмӯа рисолаҳои илмии устодон ва унвонҷӯёни давраи доктории кишварҳои ҳамзабон -Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон гирд оварда шудаанд. Бори нахуст дар ин мақолаҳо мушкилот ва муштаракоти фарҳангӣ ва омӯзишии ҳавзаи тамаддуни эронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бештари мақолаҳои ин китоб тибқи пажӯҳишҳои ҷомеашиносӣ анҷом ёфта, нуктаҳои аслии мавзӯъ рисолаҳои илмии донишҷӯёнро дар бар мегирад. Маҷмӯаи мазкур барои рушди робитаҳои фарҳангии се кишвар муфид буда, дар таҳкими муносибатҳои илмию фарҳангии ҳавзаи тамаддуни кишварҳои форсизабон нақши муассир мегузорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






