ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРИРО БО ПАРЛУМОНИ НАТО ТАВСЕА МЕДИҲАД

Апрель 22, 2009 08:17

                    Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Умед аст, ки дар оянда ҳамкориҳои мутақобилан судманди парлумони Тоҷикистон бо Ассамблеяи парлумонии НАТО тақвият ёбад», гуфт зимни мулоқоташ муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Убайдулло Давлатов бо раиси зеркумитаи идораи демократии Ассамблеяи парлумонии НАТО Чентин Казак.                    У. Давлатов ба намояндагони Ассамблеяи парлумони НАТО доир ба фаъолияти парлумони касбии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ташкили парлумони касбиро зодаи даврони истиқлолият арзёбӣ кард.                    Мусоҳибон дар мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассамблеяи парлумонии НАТО, ислоҳоти судӣ, авзои Афғонистон, ҳифзи ҳукуқи инсон, раванди демократикунонии ҷомеа, муборизаи муштарак бо зуҳуроти номатлуб — терроризм, қочоқи маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва роҳҳои бартараф кардани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявиро баррасӣ карданд.                   Чентин Казак зикр кард, ки Ассамблеяи парлумонии НАТО хостори тақвияти ҳамкорӣ бо парлумони Тоҷикистон аст.

Апрель 22, 2009 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд