ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН БО ДОНИШКАДАИ ДАНИЯГӢ ҲАМКОРӢ МЕКУНАД

Апрель 15, 2009 12:30

                  Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Маҷлиси намоянадгони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон зимни мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шуҷоат Ҳасанова ва коршиносони донишкадаи мазкур Кристиан Кнуст ва Гаралд Джепсон дар Душанбе баррасӣ шуданд.                  Шуҷоат Ҳасанова ба коршиносони даниягӣ доир ба фазои ҳуқуқӣ дар кишвар ва раванди қабули қонунҳо, ки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии онҳо нигаронида шудаанд, сухан кард. Мавсуф гуфт, ки дар ин замина парлумони Тоҷикистон як қатор қонуну санадҳои муҳимро қабул кардааст. Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳамин қабил аст.                  Коршиносони даниягӣ аз риояи бандҳои Эъломияи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, хостори тақвияти ҳамкориҳо бо парлумони Тоҷикистон шуданд.  

Апрель 15, 2009 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид