ПАРРАНДАПАРВАРӢ РУШД МЕЁБАД

Апрель 21, 2009 10:11

                Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар толори хурди Вазорати кишоварзӣ ҶТ маҷлиси машваратӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти КВД «Саноати паррандаи Тоҷикистон» дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид .                 Дар ин ҷамъомад муовини Вазири кишоварзӣ Сиҷовуддин Исроилов, директори генералии КВД «Саноати паррандаи Тоҷикистон» Машокир Назаров, инчунин роҳбарони фабрикаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ, олимони АИК, мутахассисони соҳа ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат варзиданд.                Тавре директори генералии КВД «Саноати паррандаи Тоҷикистон» М. Назаров иброз дошт, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи паррандаҳо дар хоҷагиҳои хусусигардонидашудаи соҳа ба 804 343 сар расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 144 753 сар зиёд мебошад. Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 1 018 826 сар, аз ҷумла, ВМКБ 83 сар, вилояти Суғд 395 273 сар, вилояти Хатлон 141 775 сар ва ноҳияҳои тобеи марказ 481 695 сар парранда парвариш меёбад.                 Истеҳсоли тухм бошад, дар хоҷагиҳои паррандапарварӣ ба 25 583 256 дона расонида шудааст, аз ҷумла, вилояти Суғд 8 490 дона, вилояти Хатлон 1 138 800 ҳазор дона, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 млн. 303 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2008 — 2 493 180 ҳазор дона зиёд мебошад.  

Апрель 21, 2009 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид