ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲО БА ХУҶАНД ВА ХОРУҒ ЗАРАР ОВАРАНД!
Душанбе, 24 апреля. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойва). — Умуман дар чумҳурӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2009 аз хизматрасонии интиқолоти ҳавоӣ тақрибан 262 ҳазор нафар истифода карданд. Аз ин ҷумла 131,3 ҳазор мусофиронро КВДҲ «Тоҷик Эйр» интиқол додааст ва ширкатҳои ҳавопаймоии дигар 130,4 ҳазор мусофирро ба манзил расонидаанд, хабар дод дар нишасти матбуотии бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳа директории генералии КВДҲ «Тоҷик Эйр» Алимурод Маҳмадалиев. У қайд кард, ки дар семоҳаи якуми соли равон 50,2 фоизи ҳаҷми умумии интиқолот ба КВДҲ «Тоҷик Эйр» рост меояд. Бояд гуфт, ки парвози ҳавопаймоҳои Як-40 ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ аз ҷиҳати иқтисодӣ зарар меоранд. Бинобар ин, қарор дода шуд, ки дар самти Душанбе -Хуҷанд хавопаймоӣ Боинг ва дар самти Душанбе- Хоруғ ҳавопаймоҳои АН-28 истифода бурда шаванд. Интиқоли бор ва почта дар ҳамин давра 448,7 тонна, ё 63,2 фоизро ташкил кард. У зикр намуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2009 корхона ба буҷети ҷумҳурӣ ба маблағи 14,6 миллион сомонӣ андозҳоро пардохт намуд. Дар семоҳаи якуми соли 2009 дар бозори хизматрасонии ҳавоии Тоҷикистон 17 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 2 ширкати ҳавопаймоии ҷумҳурӣ — КВДҲ «Тоҷик Эйр» ва ширкати «Сомон Эйр», 8 ширкати ҳавопаймоӣ Федератсияи Россия, 3 ширкати кишварҳои ИДМ ва 4 ширкати хориҷаи дуру наздик аз Туркия, Хитой, Афғонистон, Эрон фаъолият доштанд. Бинобар афзоиши ҳаҷми кор тавассути техникаи ҳавопаймоии ғарбӣ (Боинг), истифодаи ҳавопаймоҳои Ту-154 коҳиш ёфт ва аз ин сабаб ду ҳавопаймои Ту-154 ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иҷора дода шуд. Ин иқдом ба корхонаи ҳавопаймои имкони гирифтани фоидаи иловагӣ, бо кор ва музди бештар таъмин намудани кормандонро аз ҳисоби фармоишгар фароҳам овард. Ҳамчунин, айни замон дар дохили ҷумхурӣ амалан ҳаҷми кор барои чархболҳои МИ-8 вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, қарор дода шуд, ки ду чархболи МИ-8 барои истифода ба Афғонистон фиристода шавад, — гуфт дар хотима А. Махмадалиев.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






