ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ЗУКОМИ ПАРРАНДА ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Конфронси матбуотӣ оид ба «Маъракаи ҷалби васоити ахбори омма» дар доираи лоиҳаи «Зукоми паранда» баргузор гардид. Маъракаи ҷалби ВАО ин яке аз кӯшишҳои Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустии СММ ТУТ ва Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) барои кӯмак ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Нақшаи Миллӣ оид ба мубориза ва пешгирии бемории зукоми парранда барои солҳои 2006-2010» ташкил карда шудааст. Тавре муовини вазири тадурустии ҶТ Азамҷон Мирзоев дар баромади худ қайд намуд, Тоҷикистон аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ як кишвари дар ҳолати таҳдиди хатар ва дар гузаргоҳи паррандаҳои муҳоҷир қарор дорад. «Илова бар ин, паррандаҳои хонагӣ яке аз захираҳои муҳими иқтисодии аксар оилаҳое мебошанд, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон то ҳанӯз нишонаҳои бемории зукоми парранда ба қайд гирифта нашудааст», — идома дод муовини вазир. Тадқиқоте, ки соли 2006 тавассути Хазинаи кӯдакони СММ «ЮНИСЕФ» анҷом ёфт нишон дод, ки 84%-и мардум дар Тоҷикистон паррандаҳои хонагии худро дар атрофи ҳавлии худ дар катакҳо нигоҳ медоранд ва 49% онҳо баъди сарукор бо паррандаҳо, тухмҳо ва тоза кардани катакҳо дастонашонро бо собун мешӯянд. Агар вазъият тағийр наёбад, ин рафтор потенсиали хатари паҳншавии зукоми паррандаро дар ҷумҳурӣ афзоиш медиҳад. Инчунин Сарвари Хазинаи кӯдакони (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Ҳонгвей Гао қайд намуд, ки: «агарчи бемории зукоми парранда дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, мардум бояд барои пешгирии вируси ин беморӣ хубтар огоҳ карда шаванд».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






