ПОКИЗА НИГОҲ ДОШТАНИ ЗАБОНИ МОДАРӢ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

Апрель 2, 2009 10:45

                   Душанбе, 2 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фаъолияти Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ва вазифаҳои он дар соли 2009 дар маҷлисе, ки таҳти раёсати Раиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова доир шуд, баррасӣ гардид.                   Зикр шуд, ки соли 2008 бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардида, буд, ки дар партави он корҳои зиёде ҷиҳати рушду густариши он мусоидат намуд. Инчунин, дар ин сол вазъи иҷрои Қонуни забон дар 20 муассисаю ташкилоти шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон санҷида шуд. Санҷишҳо нишон доданд, ки татбиқи Қонуни забон дар мақомоту муассисаҳои давлатии ҷумҳурӣ ба таври қаноатбахш идома дорад. Мутаассифона, бо вуҷуди баъзе пешравиҳо дар ин самт проблемаҳое низ вучуд доранд, ки ба тозагию фасоҳати забони тоҷикӣ халал мерасонанд. Аз ҷумла, дар қаламрави 4 ноҳияи пойтахт ҳанӯз тарабхонаю фурӯшгоҳҳое мавҷуданд, ки лавҳаю навиштаҷоти худро бар хилофи талаби моддаҳои 30 ва 32 -и Қонуни забон сирф дар шакли хориҷӣ -англисӣ ва русӣ, аз қабили Мини маркет, Голден шоп, Орима, Плазма, Гламоур, Беату, Клеопатра, Третий тайм, Тайм аут, Империя, Кристалл, Престиж ва ғайра боқӣ мондаанд. Дар ин масъала мақомоти салоҳиятдор ҳангоми сабти номи чунин тарабхонаву фурӯшгоҳҳо бетафовутӣ зоҳир менамоянд.Аз ин рӯ, иштирокдорони ҷаласа ҷиҳати татбиқи Қонуни забон дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба он пешниҳодҳои ҷолиб баён намуданд.                   Дар ҷаласа нақшаи фаъолияти Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои соли 2009 тасдиқ карда шуд.

Апрель 2, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд