ПРОТОКОЛИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 3 МИЛЛИОН ЕВРО
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат диловарзод).- Бино ба иттилои ҷонишини вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев 1-уми апрели соли ҷорӣ бо мақсади амалӣ сохтани лоиҳаи таҷдиди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки сардори департаменти Вазорати иқтисоди Франсия Никол Прего протоколи иловагӣ ба маблағи 3 млн. евро ба имзо расонида шуд. Боиси тазаккур аст, ки ҳанӯз соли 2008 барои сохтмони хатти парвози фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби Франсия 17 млн. евро сармоягузорӣ шуда буд. Мӯҳлати бозпардохти ин қарз 39 сол бо 15 фоизи солона пешбинӣ шудааст. Давраи имтиёзноки қарз 20 сол аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони ин иншоотро ба андозаи 7 млн. евро маблағгузорӣ мекунад. Лоиҳаи мазкур то соли 2011 пурра амалӣ гардонида мешавад, ки он нисбатан имконияти бештареро дар интиқоли мусофирон ва бору мол фароҳам месозад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






