ПУЛҶАМЪКУНИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ИДОМА ДОРАД
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз тадқиқоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ бар меояд, ки роҳи пулҷамъкунии ғайриқонунӣ дар мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ хотима наёфтааст. Тибқи маълумти ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудаи Кумитаи давлатии омор, агар дар шаҳри Душанбе дар соли 2005 96,8 фоиз ва дар соли 2006 74 фоизи падару модарон барои таҳсили фарзандонашон пул супорида бошанд, дар соли 2007-2008 ин нишондод 68 фоизро ташкил додааст. Мутобиқи тадқиқоти мазкур, дар пардохти маблағ барои таъмири мактаб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 фоиз, дар вилояти Суғд 80,5 фоиз, вилояти Хатлон -76, шаҳри Душанбе 68 фоизи падару модарон ҳиссагузорӣ намудаанд. Ин дар суратест, ки дар соли 2009 17 фоизи ҳаҷми умумии буҷет ба соҳаи маориф бахшида шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






