РӮҲИ ФИРДАВСИРО ДАР КӮЛОБ ШОД МЕКУНАНД
Кӯлоб 13 апрел. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов).-Таи чаҳор сол боз дар шаҳри Кӯлоб бо ибтикори Зафар Мирзоиён як тан аз фарҳангиёни тоҷик маҳфили «Шоҳномахонӣ» амалӣ менамояд. Дар ин маҳфил беш аз 20 нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва қисман хонандагони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ширкат меварзанд. Мирзоиён мегӯяд: «Ӯ ба хотири бедор намудани ҳисси меҳандӯстии ҷавонон ба чунин иқдом даст задаст». Ба гуфтаи Мирзоиён дар маҳфили «Шоҳномахонӣ» талош меварзад, то асли Шоҳнома, ҳадафи иншо шудани ин шоҳасари бузургро ба шогирдон таҳлил диҳанд. То кунун Мирзоиён барои таъсиси маҳфил ва таълими шогирдон ҳақе намегирад, аммо мегӯяд ӯ қарзи худро то андозае бошад ҳам дар назди рӯҳи Фирдавсӣ ва Ватан иҷрошуда меҳисобад. Зеро ҳоли ҳозир беш аз 10 нафар шогирдони ӯ, яъне собиқ аъзоёни маҳфил дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба таҳқиқ шуғл дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






