РАҲНАМОИ АСОСИИ РУШДИ КИШВАР

Апрель 27, 2009 10:31

                  Истаравшан, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 ба масъалаи бозори меҳнат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати ҷиддӣ зоҳир кардаанд, — гуфт дар сӯҳбат сардори раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Истаравшан Назирҷон Баҳриддинов. Аз ин рӯ, — гуфт ӯ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ барои бекорон як самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ҳисобида арз кардаанд, ки «вазъияти кунунии бозори меҳнат дахолати мунтазами давлатро ҷиҳати танзими масъалаҳои таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ тақозо менамояд».                 Дар давоми панҷ соли охир ба гуфтаи Сардори давлатамон дар натиҷаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёда аз 360 ҳазор нафар бекорон бо ҷои кор таъмин шудаанд.                 Танҳо дар 3 моҳи соли равон қариб 40 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил шуда 31 ҳазор корҷӯён бо ҷои кор таъмин гардидаанд. Дар натиҷа, раванди болоравии сатҳи бекорӣ, ки солҳои охир ба назар мерасид, боздошт шуда дар соли 2008 ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2007 15 % коҳиш ёфтааст. Ин масъала дар вилояти Суғд низ ба таври мусбат ҳаллу фасл мешавад. Масалан, дар шаҳри Истаравшан агар дар соли 2007 шумораи умумии бекорони дар қайд буда 1 415 нафарро ташкил карда бошад, он дар соли 2008 1 150 нафарро ташкил дод. Гузашта аз ин дар соли 2008 тавассути чораҳои андешидашуда 408 нафар бекорон бо кор таъмин шуданд. Тӯли се моҳи аввали соли равон бошад, ин нишондиҳанда ба 128 нафар расид.                 Як самти бисёр муҳими кор ин омодагии касбии бекорон бо роҳи омӯзонидани касбҳои гуногун аст. Дар давоми соли 2008, 240 нафар бекорон бо роҳи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат соҳиби касб шуданд. Дар ин ҷода таваҷҷӯҳи бештар ба омӯзонидани касбу кори бозоргир, аз қабили барқчӣ, кафшергарони барқию газӣ, дӯзандагӣ ва ронандагони трактору нақлиёти автомобилӣ равона гардид. Хушбахтона аксари онҳо имрӯз соҳиби ҷои кори доимӣ гардидаанд.                 Бино ба гуфтаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки дар маҷлиси ҷамъбастии сол баён доштанд, дар вилояти Суғд дар соли 2009, 35 ҳазор ҷои нави корӣ ташкил карда шуд. Дар Истаравшан бошад, он зиёда аз 3 500 ададро ташкил мекунад.                -Умуман, Паёми имсолаи Сарвари давлатамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи дирӯз, имрӯз ва фардои кишварро мавриди таҳлили амиқ қарор дода вазифаҳоро барои оянда ба таври мушаххас муайян менамояд, ба назари ман роҳнамои асосии рушди кишвар, шукуфоии Ватан ва беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони он хоҳад буд, — гуфт Назирҷон Баҳриддинов.                                                                    Таҳрири Жасмин Назарова

Апрель 27, 2009 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид