РАИС ДИГАР КИТОБҲОИ ХОНДАГИАШРО ДАР ЁД НИГОҲ МЕДОРАД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар вилоят як ташаббуси нав роҳандозӣ шудааст. Мардум аз ҳисоби китобхонаҳои шахсӣ китобхонаҳои ҷамъиятиро пурра мекунад. Аввалин шуда раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал аз китобхонаи шахсии худ беш аз 300 нусха китобҳои бадеӣ, илмӣ ва сиёсиро ба китобхонаи вилоятии Қурғонтеппа супорид. Ташаббуси раиси вилоятро кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии вилоят, кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят, идораи маорифи шаҳрӣ дастгирӣ намуда ба китобхонаҳои вилоятӣ беш аз 1,5 ҳазор китобҳои бадеӣ тақдим намуда хазинаи китобдории вилоятро бо китобҳои зарурӣ пурра намуданд Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ин ташаббус дар сар то сари вилоят амалӣ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






