РАЁСАТИ БУНЁДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ БА ЗИММАИ ҚАЗОҚИСТОН ГУЗОШТА ШУД

Апрель 3, 2009 16:42

                 Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Раёсати Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар давоми солҳои 2009 — 2011 ба зиммаи Ҷумҳурии Қазоқистон гузошта шуд. Ба ин муносибат дар Алмаато мулоқоти роҳбарону коршиносони вазоратҳои обу энергетикаи давлатҳои аъзои бунёди мазкур баргузор гардид. Дар мулоқот фаъолияти ҷории бунёд таҳлил карда, масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обу энергетикаи Осиёи Марказӣ, инчунин, масъалаҳои рӯзномаи мулоқоти ояндаи сарони давлатҳои муассиси бунёд муҳокима шуданд.                 Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот вазири мелиоратсия ва захираҳои об Саиди Ёқубзод иштирок дошт. Ӯ узви раёсати бунёди мазкур мебошад.Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Бунёди наҷоти Арал соли 1993 бо қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таъминоти молиявии тадбирҳои муштараки наҷоти Арал ва беҳтар сохтани шароити экологии он таъсис дода шуда буд.               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2002 раиси бунёди мазкур интихоб шуда буд. Бо ташаббуси ӯ соли 2003 Соли байналхалқии оби тоза эълон гардид.               Ғайр аз ин Ассамблеяи генералии СММ 23 декабри соли 2003 дар бораи Даҳсолаи амалиёти «Об барои зиндагӣ» (2005-2015) қатънома қабул намуд.  

Апрель 3, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа